Намоз ҳангоми заминларзаи ҳаробиовар қатъ нашуд
Рӯзи якшанбеи 5-уми август вақте ки зилзилаи баробар бо 7 дараҷаи ченаки Рихтер Индонезияро такон дод, мусулмонон дар масҷиди Денпасари ҷазираи Боли намоз мегузоштанд. Дар наворе, ки дурбинҳои масҷид сабт намудаанд, шайх Арафот Абдуғанӣ Муҳаммад намозро қатъ намекунад.