Ду дилдода дар Узбекистон худро ба зери қатор партофтанд
Б. К.-и 20-сола ва Г. К.-и 17-сола, сокинони деҳаи "Қумқишлоқ" шаби 9 ба 10 август дар ҳудуди ноҳияи Ҷарқӯрғон худро ба зери қатори борбаре партофтанд, ки дар масири Термиз-Қумқӯрғон-Тошканд ҳаракат мекард.
Як корманди пулиси роҳи оҳани вилояти Сурхандарё бо тасдиқи ин хабар гуфт, додситонӣ санҷиши ҳодисаро оғоз кардааст.
Яке аз фаъолони деҳаи "Қумқишлоқ", ки нахост номаш ифшо шавад, гуфт, ба худкушии ҷавонон норозигии падари духтар ба издивоҷи онҳо сабаб шудааст.