Набарди ҳукумат бо Толибон барои шаҳри Ғазнӣ идома дорад
Толибон рӯзи 10 август аз чанд самт ба Ғазнӣ, ба ин шаҳри стратегии дорои 270 ҳазор аҳолӣ, ки Кобулро ба ҷануби Афғонистон пайванд мекунад, ҳамла карданд. Аз сабаби даргириҳо ва қатъ шудани мухобирот, тасдиқи хабарҳо аз он минтақа мушкил шудааст.
Ба гуфтаи як мақоми амниятӣ дар набардҳо дастикам 100 нафар кушта ва бисёриҳо захмӣ шудаанд. Ба гуфтаи ин манбаъ хисороти Толибон низ бисёр вазинин аст. Мақомоти шаҳр мегӯянд, бар асари даргириҳо 15 шаҳрванди мулкӣ кушта шуд ва 400 нафар захм бардошт.