Наздики 20 муҳоҷири тоҷик дар фурудгоҳи Истанбул дармондаанд
![Наздики 20 муҳоҷири тоҷик дар фурудгоҳи Истанбул дармондаанд](https://gdb.rferl.org/D8C7AFF2-EFFD-444A-95E0-3880258910FF_cx10_cy6_cw56_w800_h450.jpg)
Тақрибан 20 шаҳрванди Тоҷикистон ҳангоми тарки Туркия дар фурудгоҳи шаҳри Истанбул дармондаанд. Инҳо муҳоҷироне будаанд, ки дар Туркия ғайриқонунӣ кору иқомат доштанд ва бояд қабл аз хуруҷ 72 лира, муодили беш аз даҳ доллараи амрикоӣ, ҷарима мепардохтанд.