Довталаби нобино аз Консерваторияи миллӣ ба додситонӣ шикоят кард
![Довталаби нобино аз Консерваторияи миллӣ ба додситонӣ шикоят кард](https://gdb.rferl.org/fcd2c200-8875-48e3-ad0e-d0b3e842b39b_tv_w800_h450.jpg)
Як довталаби нобино аз болои раҳбарияти Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба Додситонии кулл шикоят кардааст. Мавзун Ғафурзода мегӯяд, раҳбарияти Консерватория бо баҳонаи онки барои таълими нобиноҳо мутахассис надоранд, аз қабули ӯ худдорӣ кардааст. Иддаое, ки раҳбарияти ин мактаби мусиқӣ рад мекунанд. Онҳо баръакс иддао доранд, ки довталаб истеъдоди зарурӣ надошт.