Наздики 20 муҳоҷири тоҷик дар фурудгоҳи Истанбул дармондаанд. ВИДЕО
![Наздики 20 муҳоҷири тоҷик дар фурудгоҳи Истанбул дармондаанд. ВИДЕО](https://gdb.rferl.org/D8C7AFF2-EFFD-444A-95E0-3880258910FF_cx10_cy6_cw56_w800_h450.jpg)
Тақрибан 20 шаҳрванди Тоҷикистон ҳангоми тарки Туркия дар фурудгоҳи шаҳри Истанбул дармондаанд. Инҳо муҳоҷироне будаанд, ки дар Туркия ғайриқонунӣ кору иқомат доштанд ва бояд қабл аз хуруҷ 72 лира, муодили беш аз даҳ доллараи амрикоӣ, ҷарима мепардохтанд.