Ал Бағдодӣ ба ҷангиёнаш аз макони номаълум "паём" дод
![Ал Бағдодӣ ба ҷангиёнаш аз макони номаълум](https://gdb.rferl.org/B9925123-56E7-44F6-A113-9A34D9E011C7_w800_h450.png)
Раҳбари гурӯҳи террористии "Давлати Исломӣ" баьди як соли хомӯшӣ, дар як сабти садоӣ ба пайравонаш паём дод, ки сарфи назар аз шикастҳои ахир бар зидди душманони гурӯҳ дар саросари ҷаҳон мубориза баранд.
Навори 54 дақиқагиро пойгоҳи наздик ба ин гурӯҳи террористӣ -"Ал-Фурқон" рӯзи 22 август пахш кард.
Дар бораи макони будубош ва зинда ё мурда будани Абубакр ал- Бағдодӣ хабарҳои зиддунақиз нашр мешаванд. Ин гурӯҳи даҳшатафкан, 90 дар сади қаламравҳои таҳти назораташ дар Ироқу Сурияро аз даст дод. Бағдодӣ моҳи июни соли 2014 дар он қаламравҳо "Халифати Исломӣ" эълон карда буд.
Охирин паёми аудиоии Абубакр ал-Бағдодӣ моҳи сентябри соли 2017 нашр шуд ва ӯ аз пайравонаш даъват кард, ки бо истифода аз ҳама гуна силоҳи дастрас душманонро маҳв кунанд. Аз он замон пайравони ал- Бағдодӣ як идда амалҳои терористиро дар кишварҳои ҷаҳон пиёда карданд.
Дар навори рӯзи чоршанбе Бағдодӣ ба таҷлили Иди Қурбон ва баҳси Туркия бо Амрико бар сари роҳиби Эндрю Брансон ишора кард. Агар соҳиби ин садо воқеан Абубакр ал-Бағдодӣ бошад, пас хабарҳо дар бораи ҳалокати ӯ такзиб мешаванд.
Рабари ДИИШ дар ин навор аз сабқати Русияву Амрико бар сари нуфуз бар Ховари Миёна гуфт ва ҷангиёнеро, ки ба артиши Башор Асад таслим шуданд, хиёнаткор номид.
Аз замони зуҳури ин гурӯҳи ҷаррор Бағдодӣ танҳо як дафъа соли 2014 дар навори видеоӣ аз Мосул зоҳир шуд.
Макони бубубоши Бағдодӣ маълум нест, аммо гуфта мешавад, ки ӯ эҳтимолан дар биёбонҳои байни Сурияву Ироқ пинҳон шудааст.