ДОМ-и Хоруғ – рақиби пурқуввати донишгоҳҳои Тоҷикистон?
![ДОМ-и Хоруғ – рақиби пурқуввати донишгоҳҳои Тоҷикистон?](https://gdb.rferl.org/97A37A8F-C29E-4922-874C-C93F44D3E726_w800_h450.jpg)
Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар шаҳри Хоруғ то ду ҳафтаи дигар ба таълими донишҷӯён оғоз мекунад. Ин аввалин донишгоҳ дар Тоҷикистон хоҳад буд, ки таълим дар он пурра бо забони англисӣ сурат гирифта, дипломаш ҳам дар сатҳи байналмилалӣ эътироф мешавад.