Трамп ҳушдор дод, ки дар сурати "импичмент"-и ӯ "бозорҳо суқут мекунанд"
Президенти ИМА Доналд Трамп ҳушдор дод, ки дар сурати "импичмент"- изҳори нобовари ба ӯ -"бозорҳо суқут мекунанд". Президент ин изҳоротро шаби гузашта дар барномаи Fox & Friends-и шабакаи телевизионии FoxNews пахш кард.
Президенти Амрико гуфт, чӣ тавр метавон нафареро "импичмент" кард, ки ин қадар "корҳои хуб"- ро дар мақоми президенӣ анҷом додааст.
Трамп гуфт, ки агар ӯ барои як даври дигар президент интихоб нашвад, бозорҳои бурси Амрико "суқут мекунанд". Ӯ давраи раҳбариашро беҳтарин давра барои иқтисоди ИМА унвон кард. Раиси ҷумҳур ҳамчунин гуфт, агар дар интихоботи соли 2016 ба ҷойи ӯ рақибаш Ҳиллари Клинтон итихоб мешуд, Амрико "рушди манфӣ" медошт.
Президент дар ин сӯҳбат аз қонунҳои бади муҳоҷират шикоят кард ва гуфт, ки дар марз бо Мексика деворе дар ҳоли бунёд аст, ки мавҷи муҳоҷирати ғариқонуниро бозмедорад. Ба маълумоти раиси ҷуҳмур, то ҳол барои бунёди ин девор 3,2 миллиард доллар сарф шудааст ва ӯ мехоҳад аз Конгресс боз 5 миллиард доллар дархост кунад.
Изҳороти раиси ҷумҳур дар пасманзари мурофиаи додгоҳии рабари ситоди интихоботии ӯ Пол Манафорт, ки ахиран худро аз рӯи 6 банди 18 иттиҳом гунаҳкор эътироф кард ва созиши вакили пешини ӯ муфаттишон ҷараён мегирад. Майкл Коэн, ки солҳо вакили Трамп буд, таҳти савганд эътироф кард, ки бо дастури Трамп "ҷиноятҳои молӣ" содир кард. Бо ин ҳол, баъзе шабакаҳои умдаи телевизионии ИМА масъалаи эҳтимоли "импичмент" шудани прездентро матраҳ карданд.