Ал-Бағдодӣ ба ҷангҷӯёнаш аз макони номаълум "паём" дод
Раҳбари гурӯҳи террористии "Давлати исломӣ" баъди як соли хомӯшӣ, дар як сабти садоӣ ба пайравонаш паём дод, ки сарфи назар аз шикастҳои ахир бар зидди душманони гурӯҳ дар саросари ҷаҳон мубориза баранд.
Навори 54-дақиқаиро "Ал-Фурқон", пойгоҳи наздик ба ин гурӯҳи террористӣ, рӯзи 22-юми август пахш кард.
Дар бораи макони будубош ва зинда ё мурда будани Абубакр ал- Бағдодӣ хабарҳои зиддунақиз нашр мешаванд. Ин гурӯҳи даҳшатафкан, 90 дарсади қаламравҳои таҳти назораташ дар Ироқу Сурияро аз даст дод.
Бағдодӣ моҳи июни соли 2014 дар он қаламравҳо "Халифати Исломӣ" эълон карда буд.
Охирин паёми аудиоии Абубакр ал-Бағдодӣ моҳи сентябри соли 2017 нашр шуд ва ӯ аз пайравонаш даъват кард, ки бо истифода аз ҳама гуна силоҳи дастрас душманонро маҳв кунанд. Аз он замон пайравони ал- Бағдодӣ як идда амалҳои террористиро дар кишварҳои ҷаҳон пиёда карданд.
Дар навори рӯзи чаҳршанбе Бағдодӣ ба таҷлили Иди Қурбон ва баҳси Туркия бо Амрико бар сари роҳиби Эндрю Брансон ишора кард. Агар соҳиби ин садо воқеан Абубакр ал-Бағдодӣ аст, пас, хабарҳо дар бораи ҳалокати ӯ такзиб мешаванд.
Раҳбари ДИИШ дар ин навор аз сабқати Русияву Амрико бар сари нуфуз бар Ховари Миёна гуфт ва ҷангҷӯёнеро, ки ба артиши Башор Асад таслим шуданд, хиёнаткор номид.
Аз замони зуҳури ин гурӯҳи ҷаррор Бағдодӣ танҳо як дафъа - соли 2014 - дар навори видеоӣ аз Мавсил зоҳир шуд.
Макони будубоши Бағдодӣ маълум нест, аммо гуфта мешавад, ки ӯ эҳтимол дар биёбонҳои байни Сурияву Ироқ пинҳон шудааст.