Интиқоди Ҳук аз миллионҳо евро ёрии Иттиҳодияи Аврупо ба Эрон
Ӯ дар идома афзудааст, кумаки хориҷӣ ба Эрон аз андозсупорандаҳои аврупоӣ сабаби тақвияти режими Эрон мешавад, то ниёзмандиҳои мардумро нодида бигирад ва аз тағйири чашмраси сиёсатҳояш худдорӣ намояд.
Иттиҳодияи Аврупо гуфтааст, барои ҷуброни иқтисодии таҳримҳои Амрико болои Эрон 20.7 миллион евро ба он кишвар кумак мекунад.
Маъмурияти Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, пас аз хуруҷи ин кишвар аз созиши ҳастаӣ бо Эрон, дубора алайҳи он кишвар таҳримҳоро ҷорӣ кард.