ИМА кумаки беш аз 200 млн доллариашро ба Фаластин "бурид"
Департаменти давлатии Амрико рӯзи 24-уми август эълон кард, ки Трамп аз ин вазорат хостааст, ин пулро барои иҷрои барномаҳои дигар ҷудо кунад.
Ин вазорат гуфтааст, раванди бознигарии кумаки Амрико ба Фаластин, Каронаи Ғарбӣ ва Ғаззаро оғоз кардаанд, то итминон ҳосил шавад, ки пулҳо бо назардошти манфиатҳои Иёлоти Муттаҳида харҷ шудаанд.
Як мақоми Фаластин ин иқдоми Амрикоро зидди сулҳ хондааст.