Муҳоҷири тоҷик духтари русро аз чанги саги дарранда халос кард. ВИДЕО
![Муҳоҷири тоҷик духтари русро аз чанги саги дарранда халос кард. ВИДЕО](https://gdb.rferl.org/BAD0823E-B50B-4EBF-97DC-9F74D102DE01_cx0_cy29_cw0_w800_h450.jpg)
Дилшод Тоҳирови 41-сола, як сокини шаҳри Роғун, ки аз панҷ-шаш сол ба ин тараф дар ноҳияи Истраи вилояти Маскав бо корҳои сохтмонӣ машғул аст, ҳеҷ тасаввур намекард, ки рӯзе дар наҷоти ҷони кӯдаке ширкат хоҳад кард.