Amnesty International ба манъи "роботҳои қотил" даъват кард
Созмони байналмилалии Amnesty International ба маньи ба истилоы "роботҳои қотил" - системаи силоҳи комилан мустақил даъват кард.
"Роботҳои қотил" дигар тахайюли илмӣ нест. Ҳавопаймоҳои бесарнишини дорои ҳуши маснуъӣ ва тӯпҳои автоматӣ, ки худашон ҳадафро интихоб ва маҳв мекунанд, аз ин шаҳодат медиҳанд, ки пешрафтҳои соҳаи текноложӣ аз қоунгузории байналмилалӣ дар робита ба истифодаи онҳо фаротар рафтаанд,- гуфт созмони байналмилалии Amnesty International рӯзи 27 август дар як изҳорот.
Изҳороти Amnesty International дар остонаи музокироти атрофи системаи парвозкунандаи мухтор, таҳти назари Созмони Милали Муттаҳид, пахш шуд. Музокирот рӯзи 27 август дар Женева оғоз мешавад. Интизор меравад, ки дар он намояндагони 75 кишвар иштирок мекунанд.
Натиҷаи ин музокирот нишон хоҳад дод, ки роботҳои мухтор,ки ҳадафро мустақилона муаян мекунанд ва худашон аз пайи маҳви он мешаванд, солҳои наздик пайдо мешаванд ё не. Ҳомиёни ҳуқуқ аз ин нигарон шудаанд, ки ин силоҳ метавонад боиси кушторҳои ғайриқонунӣ шавад ва ҳуқуқи инсонҳоро нақз кунад.
Amnesty International даъват кард, ки ҳангоми баррасии ҷиҳатҳои қонунии истифодаи роботҳои мустақил ҳуқуқи инсонҳо дар маркази таваҷҷуҳ қарор бигирад.