ИМА паноҳандаи узбекро барои кӯмак ба тундравҳо 11 сол зиндонӣ кард
Додгоҳе дар Амрико паноҳандаи узбекро барои кӯмаки молиаш ба гурӯҳи террористӣ рӯзи 30 август ба муҳлати 11 сол аз озодӣ маҳрум кард. Муҷрим 6 соли ин муҳлатро дар зиндон сипарӣ кардаст.
Додгоҳи Амрико Ҷамшед Мухторови 42-соларо моҳи июн барои таъмини 300 доллар ва кӯмакҳои дигар ба гурӯҳи террористии "Иттиҳоди ҷиҳоди исломӣ" муҷрим эълон кард. Ин гурӯҳ аз мухолифони ҳукумати дунявии Узбекистон ба шумор меояд, ки ҳамлаҳоеро ҳам дар он кишвар ва ҳам дар Афғонистон пиёда кардааст.
Додгустар Ҷон Кейн кӯмаки Мухторов ба гурӯҳи террористиро ҷурми ҷиддӣ ва суханронии ӯро "тарснок" унвон кард, аммо гуфт, ки Мухторов дар қаламрави ИМА ягон амали хушунатбор анҷом надодааст.
Як нафари дигар бо номи Бахтиёр Ҷумъаев дар ҳамин қазия, бо ҳамин ҷурм моҳи апрел маҳкум шуд.
Мухторов соли 2007 бо хонаводааш ҳамчун паноҳанда ба Амрико рафт. Ӯ гуфт, ки гӯё барои фаъолияташ ҳамчун ҳомии ҳуқуқи башар дар ватанаш латтукуб мешуд. Ба гуфтаи додситонҳо ӯ баъди як муддат зиндагӣ дар ИМА дилсарду хашмгин шуд ва соли 2012 барои ҳамоиш бо ҷангиёни узбек ба Туркия билети якҷониба фармоиш дод.
Вакили Мухторов ин иттиҳомро рад кард ва гуфт, 300 долларе, ки Мухторов ба Узбакистон фиристод барои ҳамсараш буд ва ӯ мехост барои паноҳанда шудани бародараш кӯмак кунад.
Додгустар ҳамчунин амр кард, ки Мухторов баробари озод шудан аз маҳбас бояд ба мақомоти Хадамоти Муҳоҷират супурда шавад.
Вакили ӯ мегӯяд, агар Мухторов ба Узбекистон депорт шавад, мавриди шиканҷа қарор мегирад.