Таркиш дар корхонаи Нижний Новгород хисороти ҷонӣ ба бор овард
Рӯзи 31 август дар корхонаи ба номи Свердлови канораҳои Нижний Новгород таркиш ба амал омад ва гуфтаи хабаргузории Интерфакс дасти кам се нафарро қурбон кард. Дар ин бора хадамоти наҷот ба хабаргузорӣ иттилоъ дод.
Дар бораи сабаби инфиҷор маълумот дастрас нашудааст. Корхона маводи тарканда истеҳсол мекард.