Фаршшуӣ, рӯбучин ва рангмолӣ – Ҷазои ҷавонҳое, ки духтаронро таҳқир кардаанд
Аниса Иброҳимова, сокини 17-солаи шаҳри Душанбе, гуфт, ки баъди озори лафзии як тоҷири бозор қарор кард ин таҳқирро ором фурӯ набарад. Бар асоси шикояти ӯ ба пулис, як ҷавони тарбузфурӯш ба 5 рӯзи ҳабс маҳкум шуд.