Ёздаҳ узви Ҳизби демократии Курдистони Эрон кушта шудааст
![Ёздаҳ узви Ҳизби демократии Курдистони Эрон кушта шудааст](https://gdb.rferl.org/A51C85C0-7E12-4271-8E9C-1009CF1C4825_w800_h450.jpg)
Дар ҳамла ба қароргоҳи Ҳизби демократии Курдистони Эрон дар Ироқ ба камияш 11 узви ин ҳизб кушта шудааст. Ҳамла рӯзи 8-уми сентябр анҷом шуд.
Ҳизби демократии Курдистони Эрон рӯзи шанбе ба хабаргузории Фаронса гуфтааст, ин ҳамла ҳангоми баргузории ҷаласаи кумитаи марказӣ сурат гирифт. Комрон Аббос, раиси шифохонае дар Курдистони Ироқ гуфтаст, дар натиҷаи партоби мушак 30 узви дигари Ҳизби демократии Курдистони Эрон захмӣ шудаанд.
Ҳизби демократии Курдистони Эрон дар "Твиттер" навиштааст, Теҳрон дар як ҳамлаи ҳамоҳангшуда бар қароргоҳи ин ҳизб ва урдугоҳи муҳоҷирон аз мушакҳои дурпарвоз истифода кардааст.
Вазорати умури хориҷии Эрон то ҳол дар ин маврид шарҳе надодааст.
Ҳизби демократии Курдистони Эрон аз пойгоҳҳояш дар Ироқ баъзан ҳамлаҳоро дар дохили Эрон анҷом медиҳад. Теҳрон ин ҳизбро як гуруҳи террористӣ мехонад.