Президенти Беларусия бори аввал дар 24 сол ба Узбекистон сафар кард
Шавкат Мирзиёев аз имкони тиҷоратӣ дар байни ду кишвар ситоиш кард ва гуфт, ки гардиши мол дар байни Беларусия ва Узбекистаон дар соли 2017 ба 60 дар сад ва сар аз моҳи январи соли равон чаҳор баробар афзоиш ёфт.
Раисони ду кишвар ҳамчунин дар масоили минтақавӣ ва байналмилалӣ изҳори назар карданд ва гуфтанд, ки мавқеи ду кишвар дар бисёр масъалаҳо баҳам мувофиқ аст. Онҳо қавл доданд, ки дар чаҳорчӯби Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди кишварҳои муштараккулманофеъ ва ташкилотҳои дигар аз ҳам пуштибонӣ хоҳанд кард.
Сиёсати дарҳои бози президенти нави Узбекистон Шавкат Мирзиёев, ки ду сол пеш баъди марги президент Ислом Каримов ба қудрат расид, шарикони ин кишвар дар байни давлатҳои собиқ шӯравӣ ва хориҷаи дурро барои ҳамкорӣ бо инкишвар ғанӣ аз газу нафт ва пахтаву тилло дилгарм кардааст.
Сафари расмии Александр Лукашенко дар Узбекистон то 14 сентябр идома мекунад.