Расонаҳо: Манафорт барои созиш бо муфаттишон розӣ шуд
Раҳбари пешини ситоди интихоботии Доналд Трамп - Пол Манафорт барои созиш дар раванди тафтишоте розӣ шуд, ки онро додситони махсус Роберт Мюллер пеш мебарад. Дар ин бора телевизиони ABC News бо такя ба як манбааш рӯзи 13 сентябр иттилоъ дод.
Ҳанӯз маълум нест, ки ӯ барои ҳамкорӣ бо ҷониби айбдоркунанда ба эътирофи гуноҳ розӣ шудааст ё хайр. Интизор меравад, изҳороти расмӣ дар бораи созиши Манафорт имрӯз, 14 сентябр нашр шавад.
Вакили дифои Манафорт Кевин Даунинг ва сухангӯи додситони махсус Мюллер - Питер Карр аз суҳбат дар ин бора худдорӣ карданд..
Раҳбари пешини ситоди интихоботии Трамп ба пулшӯӣ, фиреби ИМА, нақзи қонунҳои ин кишвар дар бораи ҷосусони хориҷӣ ва харидани шоҳидон айбдор мешавад.
Манафорт яке аз гумонбарони аслӣ дар доираи тафтиши дахолати эҳтимолии Русия ба интихоботи президентии ИМА аст. Тафтишотро додситон Мюллер пеш мебарад. Манафорт ва шарики тиҷорияш Рик Гейтс яке аз аввалинҳое ҳастанд, ки алайҳи онҳо санҷиш оғоз шуд.
Моҳи августи соли гузашта Манафорт дар мурофиаи додгоҳӣ дар Александрияи аёлати Вирҷиния дар чанд қонуншиканӣ, аз ҷумла қалобии бонкӣ ва андоз айбдор шуд.
Москва дахолаташ ба интихоботи кишварҳои хориҷро рад мекунад.