Узви "Пусси Райот"- ро барои муолиҷа ба Олмон бурдаанд
![Узви](https://gdb.rferl.org/98338939-BDC3-45F3-B7A2-D485B00A718F_w800_h450.jpg)
Пётр Верзилов, узви гуруҳи Пусси Райот ва узви гуруҳи ҳунарӣ ва дигарандеши “Воина” – ро дар Русия барои идомаи муолиҷа ба Олмон бурдаанд. Гумон меравад, ки ӯро заҳролуд кардаанд.
Рӯзномаи “Билд”- и Олмон рӯзи 15-уми сентябр навишт, ки Пётр Верзилови 30-соларо барои муолиҷа ба як шифохонаи Берлин меоранд, чун ба гуфтаи аъзои хонаводааш, агарчӣ ба ҳуш омада бошад, ҳам аммо гап зада, роҳ рафта наметавонад ва чашмонаш ҳам намебинанд.
Ҳамсари собиқаш Надежда Толоконников ба рӯзномаи “Билд” гуфтааст, ки Пётрро қасдан заҳролуд кардаанд ва “ин як талоше барои тарсонидан ва ё куштани Пётр буд”. Рӯзнома олмонӣ як видеоро нашр кардааст, ки дар он Верзилов дар як ҳавопаймо дар фурудгоҳ нишастааст ва ба ӯ кумак мекунанд.