HRW: Қирғизистон дар шарҳи "экстремизм" зиёдаравӣ мекунанд
Созмони байналмилалии Human Rights Watch (HRW) рӯзи сешанбе гуфт, ки мақомоти Қирғизистон ҳангоми судури ҳукм дар доираи парвандаҳои "нигаҳдории маводи мамнуъ" зиёдаравӣ мекунанд.
Дар гузориши HRW омадааст, дар Қирғизистон сокинонеро, ки бо гумони нигаҳдории навор, китоб ва маводи мамнуъ боздошт мешаванд, ҳатто агар онҳоро паҳн накарда бошанд ва ё дар амалашон нишонаҳои даъват ба хушунат ҳам набошад, аз се то даҳ сол зиндонӣ мекунанд.
Ба иттилои дидбони ҳуқуқи башар, дар баъзе ҳолатҳо, афроде ҳам ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд, ки маводи доштаи онҳо баъд аз боздошташон "экстремистӣ" эълом гаштааст. Чанд гумонбар дар суҳбат бо намояндагони созмон гуфтанд, ки маъмурони Хадамоти махсуси Қирғизистон ҳангоми бозҷӯии манзили онҳо маводи мамнуъро партофта, сипас барои қатъи тафтишот пул талаб мекунанд.
"Таҷрибаи таъқиби ҷиноӣ танҳо барои нигаҳдории маводе, ки бар пояи меъёрҳои номафҳум экстремистӣ дониста шудаанд, имкониятҳои фаровонеро барои таъқиби ноодилонаи мухолифони сиёсӣ, фаъолон, рӯзноманигорон, вакили дифоъ ва шаҳрвандони одӣ фароҳам хоҳад сохт", - гуфтааст муаллифи гузориш ва пажуҳишгари масоили мубориза бо терроризми созмон Летта Тейлер.