Дар ҳамлаи ахир Рӯҳонӣ аз як кишвари Халиҷи Форс гумонбар шуд
Президенти Эрон Ҳасан Рӯҳонӣ ҷудоиталабони арабро масъули ҳамлаи пурқурбонии ахир номид ва бидуни бурдани ном як кишвари Халиҷи Форсро ба пуштибонӣ аз ин ҳамла муттаҳам кард.
Шарҳи Рӯҳонӣ дар ҳоле пахш шуд, ки Сипоҳи неруманди Посдорони Инқилоби Эрон ба ҳамлагарон "интиқоми марговар ва фаромушнашаванда"-ро ваъда дод.
Теҳрон ҳамчунин сафири Денмарк, Нидерландия ва Британияро барои пазироии намояндагони гурӯҳи гумонбар дар ҳамкорӣ бо Созмони Муқовимати Милии Аҳвоз - ҷудоиталабони араб, ки масъулияти ҳамларо бар дӯш гирифтааст, даъват кард.
Масъулияти ҳамлаи рӯзи 23 сентяб ба паради низомӣ дар Эронро ҳамчунин Гурӯҳи теророристии "Давлати Исломӣ" низ бар дӯш гирифт.
"Барои мо комилан рӯшан аст, ки ин корро кӣ анҷом дод, кадом гурӯҳ ва ин гурӯҳ бо кӣ робита дорад"- гуфт Рӯҳонӣ рӯзи 24 сентябр дар телевизион, қабл аз сафараш ба нишасти СММ дар Ню Йорк.
Созмони Милали Муттаҳид ва Ийолоти Муттаҳидаи Амрико - ҳарду ин ҳамлаи пурқурбонии солҳои ахир дар Эронро маҳкум карданд.