ФСБ гунаҳкорони нашри иттилоот дар бораи Петров ва Бошировро меҷӯяд
![ФСБ гунаҳкорони нашри иттилоот дар бораи Петров ва Бошировро меҷӯяд](https://gdb.rferl.org/B157387B-375F-466E-84C7-5D51C697C13A_w800_h450.jpg)
Хадамоти федеролии амнияти Русия дунболи онҳое мегардад, ки маълумоти хусусиро дар бораи ду гумонбари ҳамла ба корманди пешини идораи истихбороти Русия Сергей Скрипал фош кардаанд.
Сергей Скрипал ва духтари ӯ Юлия дар шаҳри Солсберии Британия бо заҳри фалаҷкунандаи асаб – «Новичок» – заҳролуд шуданд.
Сомонаи «Росбалт» бо такя ба як манбаъ мегӯяд, хадамоти махсус кормандони Вазорати умури дохилиро ҷустуҷӯ доранд, ки гуфта мешавад анкетаи Александр Петров ва Руслан Боширов ва ҳамчунин рақами шиносномаи онҳоро ба хабарнигорон ва афроди дигар доданд. Онҳо ин анкетаро ҳангоми гирифтани шиносномаи хориҷӣ пур кардаанд.
Қаблан нашрияи «Фонтанка» ва гурӯҳи таҳқиқотии Bellingsat нусхаи санадҳои Петров ва Бошировро, ки гуфта мешавад кормандони истихбороти низомии Русия ҳастанд ва ҳамчунин маълумот дар бораи сафарҳои хориҷии онҳоро нашр карданд.
Барчаспҳо ва рақами ин санадҳо тахминҳои хабарнигоронро собит мекунад, ки ин ду нафар барои истихбороти низомии Русия кор мекунанд.
Александр Петров ва Руслан Боширов, ки ҳамагӣ як дафъа ба телевизиони Русия суҳбат карданд, мегӯянд, онҳо соҳибкор буда, ба Солсберӣ ҳамчун сайёҳ сафар карданд. Аз он ба баъд ин ду нафар дигар дар матбуот зоҳир нашуданд.