Нашри аксҳои марбут ба нопадидшавии журналисти Саудӣ дар матбуот
Матбуоти Туркия рӯзи 10 октябр аксҳоеро нашр кард, ки ба гуфтаи онҳо шаҳодати ҳадаф қарор гирифтани раҳбари Al Arab News Ҷамол Ҳашоггшӣ аст. Мақомоти Туркия низ ин нигарониро доранд, ки мунаққиди сиёсатҳои салтанати Саудӣ эҳтимол дар консулгарии ин кишвар дар Истамбул кушта шудааст.
Ҳашшогӣ рӯзи 2 октябр ба консулгарии Арабистони Саудӣ дар Истамбул ворид шуд ва бинобар шаҳодати арусшавандааш дигаро аз онҷо набаромад.
Рӯзи 10 октябр нашрияи ҳукуматгарои "Сабоҳ" ном ва акси 15 шаҳрванди Арабистони Саудиро нашр кард ва гуфт, ки онҳо бахши "дастаи қотилон" буданд, ки Саудӣ барои суиқасд ба ҷони Ҷамол Ҳашоггӣ фиристод. Мақомоти Туркия мегӯяд, ки журналист дар консулгарӣ кушта шудаст. Риёз ин иттиҳомро рад мекунад.
Ба навиштаи "Сабоҳ" "дастаи қотилон" дар ду ҳавопаймои хусусӣ ба Туркия омад ва ин ҳамон рӯзе буд, ки Ҳашоггӣ нопадид шуд.
Нопадидшавии журналисти Сауди Ҷамол Ҳашоггиро дар Созмони Милали Муттаҳид "ошкоро хушунатомез" унвон карданд. Ҳамчунин аз Туркия ва Арабистони Саудӣ даъват шуд, ки ҳодисаро таҳқиқ кунанд. Дар ин бора хабаргузории Reuters рӯзи 9-уми октябр бо такя ба Идораи СММ дар умури ҳуққи инсон гузориш дод.
Ҷамол Ҳашоггӣ - раҳбари шабакаи телевизионии Al Arab News аст, ки бо матбуотӣ арабӣ ва ғарбӣ ҳамкорӣ дошт. Ӯ аз мунтақидони сиёсати феълии Риёз номбар мешуд.