Баррасии хотимаи ҷанг дар гуфтугуи Халилзод бо Толибон
Ӯ ба ду раҳбари кишвар дар бораи мулоқотҳояш бо намояндагони чаҳор кишвар ва раҳбарони Толибон иттило додааст. Залмай Халилзод баъди сафари рузи 4 -уми октябр ба Кобул ба Арабистони Саудӣ, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, Қатар ва Покистон сафар кард.
Забеҳулло Муҷоҳид, сухангӯи Толибон гуфтааст, ки Залмай Халилзод рӯзи 12-уми октябр дар шаҳри Доҳа бо намояндагони Толибон роҳҳои хотима додан ба ҷанг дар Афғонистонро баррасӣ кардааст. Ба қавли ӯ, намояндагони Толибон гуфтаанд, ки ҳузури неруҳои хориҷӣ дар Афғонистон “монеаи бузург” дар роҳи сулҳ дар Афғонистон аст.