Дар Тоҷикистон бадгӯӣ дар ҳаққи келинҳои коргар аз байн меравад. ВИДЕО
![Дар Тоҷикистон бадгӯӣ дар ҳаққи келинҳои коргар аз байн меравад. ВИДЕО](https://gdb.rferl.org/95178F16-BEB6-4CF3-961A-AA38D0F9995A_w800_h450.jpg)
Хулосаи як пажӯҳиш ҳам дар чанд деҳаи Тоҷикистон муайян кардааст, ки мавқеи келинҳо дар хона дар муқоиса ба чанд соли пеш тағйир ёфтааст. Акнун келинҳои коргар ва пулёб дар хонаводаҳои тоҷик соҳиби эҳтироми бештар ҳастанд ва дар қабули қарорҳои хонавода садояшон шунида мешавад.