Ҷаҳиши қимати орд ба будҷаи хонаводаҳо "зарба" зад
![Ҷаҳиши қимати орд ба будҷаи хонаводаҳо](https://gdb.rferl.org/ba5bdcda-28f4-494f-bf74-325537b86fa7_tv_w800_h450.jpg)
Аз як моҳ ба ин сӯ қимати як халта орди 50-килоии навъи олӣ дар бозорҳои Тоҷикистон беш аз 15 дарсад боло рафтааст. Як халта орде, ки моҳе пеш дар бозори Душанбе тахминан 135-150 сомонӣ арзиш дошт, ҳоло то 160-180 сомонӣ афзоиш ёфтааст.