Ширкати Google 48 кормандашро барои озори ҷинсӣ аз кор ронд
Вай мегӯяд, дар сафҳои болоии Google ба амнияти кормандони худ дар коргоҳ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир мекунанд ва ҳеч шикоятеро бе посух намегузоранд. Ба гуфтаи мудири кул, ҳеч кадом аз афроди рондашуда баъди аз кор рафтан кумакпулӣ нагирифтаанд.
Посухи мудири кулли Google вокуниш ба маводи нашрияи New York Times аст, ки пештар аз ин навишт, Эндӣ Рубин - яке аз кормандони ширкати мазкур баъди аз кор ронда шудан 90 миллион доллар кумакпулӣ гирифтааст. Ин ҳам дар ҳоле, ки Рубин дар содир кардани "рафтори номақбул" айбдор мешуд. Рубин айбҳои эълоншударо рад мекунад.