Муқаррароти қайди зиндагиву кор дар Тошканд сабуктар мешавад
Бар асоси ин ҳуҷҷат, дар фурсатҳои наздик эҳтимол дорад, ки ба шаҳрвандони кишвар иҷозаи бе қайди зист дар шаҳри Тошканд кор кардан дода шавад.
"Лоиҳаи мазкур барои бекор кардани монеаи зикршуда таҳия гардидааст ва ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандонро амалӣ мегардонад. Вакилон лоиҳаро омӯхта, онро қабул карданд", - омадааст дар хабари вазорат.
Пештар аз ин дар Узбекистон маҳдудияти сабти ҷои зист дар биноҳои навбунёдро бекор карда буданд. Ҳамакнун сокинони ин кишвар ҳақ дорад, бо харидани манзили навбунёд дар сохтмонҳои Тошканд қайди ҷои зистро дар ин шаҳр ба даст оранд.