Ҳалокати 11 нафар дар ҳамла ба канисаи яҳудиёни Питсбург
Тирпарронӣ дар як канисаи яҳудиён дар шаҳри Питсбурги аёлати Пенсилвания 11 кушта ва панҷ захмӣ бар ҷой гузошт. Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, рӯзи 27-уми октябр ин ҳодисаро шадидан маҳкум кард ва хост, ки ба чунин ҳамлаварон ҳукми қатл дода шавад.