Хошуқҷиро дар консулгарии Саудӣ нафасгир ва сипас пора-пора кардаанд
Додситони Истанбул рӯзи чаҳоршанбеи 31-уми октябр ба таври расмӣ эълон кард, ки Ҷамол Хошуқҷӣ, рӯзноманигори мунтақиди ҳукумати Риёзро, пас аз ворид шудан ба консулгарии Арабистони Саудӣ дар ин шаҳр, куштаанд ва сипас ҷасадаш қитъа-қитъа ва аз ин маҳал берун бурда шудааст.