Ҳамлае, ки яҳудиён, мусулмонон ва масеҳиёнро сарҷамъ кард
Роберт Боверс, фарди муттаҳам ба қатли 11 нафар дар канисои яҳудиён дар Амрико рузи 29-уми октябр дар додгоҳ барои эъломи иттиҳом ҳозир шуд. Бино ба гузоришҳо у ба муфаттишон гуфтааст, ки мехост, яҳудиёнро бикушад. Аммо ҳамлаи у баръакс мардуми Питсбургро сарҷамъ кард.