Билл Гейтс сармоягузорӣ ба бунёди валиаҳди Саудиро қатъ кард
Бунёди миллиардери амрикоӣ Билл Гейтс дар робита ба қатли рӯзноманигор Ҷамол Хошуқҷӣ ҳамкориро бо созмони хайриявии валиаҳди Арабистони Саудӣ Муҳаммад бин Салмон қатъ кард.
Гейтс тасмим дошт, ба яке аз ташаббусҳои хайриявии валиаҳди Саудӣ дар ҳаҷми 5 миллион доллар ёрӣ расонад. Он ташаббуси валиаҳд ба рушди инноватсионӣ дар соҳаи маориф равона шуда буд.
Гейтс гуфт, ҷараёни таҳқиқи куштори Хошуқҷиро пайгирӣ мекунад ва аз ин вазъ нигарон аст.
Хошуқчӣ 2-юми октябр дар консулгарии Арабистони Саудӣ дар Истанбул нопадид шуд. Баъдтар хабари марги вай расонаӣ гардид.
Арабистони Саудӣ гуфт, хабарнигори мунтақиди ҳукумати Арабистони Саудӣ ва бижа валиаҳди ин кишвар Муҳаммад бин Салмон, рӯзи 2 октябр дар консулгарӣ кушта шудааст. Мақомоти Арабистони Саудӣ ваъда доданд, ки омилони ин куштор муҷозот мешаванд.
Кишварҳои Ғарб сарфи назар аз шарҳи Риёз талаб доранд, ки таҳқиқот анҷом ва ҷузъиёти қатли Хошуқчӣ ошкор шавад. Дар Амрико талаб доранд, ҳамкориҳо бо Арабистони Саудӣ бозбинӣ шаванд.