Путин бар хилофи иттиҳомҳои Ғарб аз ГРУ ситоиш кард
![Путин бар хилофи иттиҳомҳои Ғарб аз ГРУ ситоиш кард](https://gdb.rferl.org/C704987A-F340-41EE-8B5D-1FFA033A4551_w800_h450.jpg)
Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, рӯзи 2-юми ноябр аз Идораи истихбороти низомии Русия ё ГРУ ситоиш кард. Ғарб ин идораро имсол ба хотири мавҷе аз ҳамлаҳо айбдор намудааст.
Путин дар садумин соли таъсиси ГРУ гуфт, дар мавриди ҳирфаӣ будан ва азму шуҷоати кормандони ин идора бовар дорад.
Бритониё Идораи истихбороти низомии Русияро ба заҳролуд кардани Сергей Скрипал, ҷосуси собиқ дар шаҳри Солсбери муттаҳам кардааст. Ҳолланд ин идораро барои талоши ҳак кардани Созмони ҷаҳонии назорат бар аслиҳаи кимиёвӣ муқассир донист.
Ва мақомоти амрикоӣ ГРУ-ро барои ҳак кардани компютерҳои маъракаи интихоботи президенти соли 2016 дар он кишвар муттаҳам намуданд.
Русия ҳамаи ин иттиҳомро рад кардааст.