Як зан бо ваъдаи тақсими замин 500 000 сомонии мардумро гирифтааст
![Як зан бо ваъдаи тақсими замин 500 000 сомонии мардумро гирифтааст](https://gdb.rferl.org/ABCF4191-03AD-4D0D-8B1F-D52EF9DDBE9D_w800_h450.jpg)
Мақомоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон занеро боздошт кардаанд, ки бо баҳонаи тақсими замини наздиҳавлигӣ аз маҳаллаи “Ховарон”-и шаҳри Душанбе ним миллион сомонии мардумро аз худ карда ва на замин додааст ва на пулро баргардондааст.