Иштироки ҳазорон нафар дар маросими дафни "падари Толибон"
![Иштироки ҳазорон нафар дар маросими дафни](https://gdb.rferl.org/b516aef6-1ce5-49fc-b418-f8cabb58bf7e_tv_w800_h450.jpg)
Рӯзи шанбе ҳазорон нафар дар маросими видоъ ва дафни Мавлоно Самиул Ҳақ дар Навшаҳри Покистон иштирок карданд. Аз Самиул Ҳақ ба унвони “падари Толибон” ном бурда мешавад. Ин рӯҳонии 81-сола рӯзи 2-юми ноябр дар хонааш дар шаҳри Равалпиндии Покистон бо зарби корд ба қатл расонда шудааст.