Марги дувоздаҳ кӯдак аз "бемории номаълум" дар Афғонистон
Дувоздаҳ кӯдаки навзод дар як шифохонае дар шимоли шарқи Афғонистон дар натиҷаи сирояти “бемории номаълум” ҳалок шудаанд.
Як муассисаи хайрияи итолиёвӣ бо номи “Имдод”, ки шифохонаро зери назорат дорад, рӯзи 5-уми ноябр гуфт, тамоми навзодон рӯзи 4-уми ноябр дар таваллудхонаи ноҳияи Аноба дар вилояти Панҷшер фавтидаанд.
Ба гуфтаи масъулони созмон, кӯдакони навзод, ки ҳолашон фавқулода вазнин буд, антибиотик мегирифтанд ва зоҳиран бар асари уфунат ва ё оқибати сирояти беморӣ ҷон додаанд.
Созмони “Имдод” гуфт, ки онҳо мақомоти Афғонистонро фавран аз хуруҷи беморӣ огоҳ кардаанд ва аз як озмоишгоҳи мустақили тиббӣ дар Кобул хостаанд, таркиби микробиологии ангезандаҳои бемориро ташхис кунад.
Ба гуфтаи созмон, натиҷаҳои таҳқиқро ҳатман эълон мекунанд ва афзудааст, ки тамоми кор барои пешгирӣ аз хуруҷи беморӣ гирифта шудааст.