САҲА: рӯзноманигорон дар Осиёи Марказӣ таҳти фишор қарор доранд
Намояндаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар умури озодии баён Арлем Дезир дар конфронси расонаҳои Осиёи Марказӣ дар Остона гуфт, ки рӯзноманигорони кишварҳои Осиёи Марказӣ бештар мавриди фишору таъқиб қарор мегиранд.
-Мо дар минтақа мушоҳида мекунем, ки рӯзноманигорон зери фишор кор мекунанд. Барои онҳо дарёфти иттилоъ аз мақомот мушкил аст. Рӯзноманигорон аз пушиши мавзӯъҳои сиёсӣ, навиштан дар мавзӯи ришва ва пешниҳоди фикри шахсии худ меҳаросанд. Дар сурати навиштани чунин матолиб, метавонанд зери фишор қарор бигиранд. Мо мушоҳида мекунем, ки дар қазияҳои додгоҳӣ нисбат ба рӯзноманигорон тасмимҳои ноодилона гирифта мешавад, онҳо бидуни далел ҷаримабандӣ ва ҳатто зиндонӣ мешаванд, - гуфт Арлем Дезир.
Дар кори конфрони Остона намояндаҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон, Тоҷикистон ва Муғулистон иштирок доранд. Дар конфронс масоили муқобала бо хабарҳои дурӯғ, мушкили иттилои босифат, инчунин тағйири вазъи озодии баён дар Қазоқистон баъди саммити САҲА дар соли 2010 баҳс мешавад.