Ҳайати Узбекистон дар конфронси сулҳи Афғонистон ширкат мекунад
Ҳайати Узбекистон дар Конфронси байналхалқии Афғонистон ширкат меварзад.
Тавре аз маркази матбуотии вазорати корҳои хориҷии ин кишвар хабар доданд, ҳайатро намояндаи махсуси президенти Узбекистон дар умури Афғонистон Иматулло Иргашев роҳбарӣ мекунад. Иштироки Тоҷикистон дар ин нишаст дар сатҳи муовини вазири корҳои хориҷӣ аст.
Конфронси байналхалқии "Роҳҳали муштарак барои Афғонистон" имрӯз - 8 ноябр - дар бинои Порлумони Аврупо баргузор мешавад.