"Ҳоҷӣ Пиёда" бо умеди дидани Роналдо ба Аврупо омад
![](https://gdb.rferl.org/61336648-5577-44df-aa02-9c4e30472869_tv_w800_h450.jpg)
Абдулазиз Раҷабов, сокини шаҳри Кӯлоб, ки ба хотири пойи пиёда аз Тоҷикистон то ба Макка рафтан лақаби “Ҳоҷӣ-пиёда”-ро гирифтааст, ин дафъа ба тамошои кишварҳои аврупоӣ баромад. Ӯ ният дорад, ки дар ҷараёни ин сафараш Криштиану Роналду, футболбози маъруфи ҷаҳонро ҳам бубинад.