ДИИШ масъулияти ошӯб дар зиндони Хуҷандро бар уҳда гирифт
Гуруҳи тундрави “Давлати исломӣ” масъулияти ошӯби хунин дар зиндони Хуҷанди Тоҷикистонро бар уҳда гирифт. Ин гуруҳи террористӣ рӯзи 8-уми ноябр тавассути пойгоҳи хабаррасонаш "Аъмоқ" иддао кард, ки ошӯб дар маҳбаси Хуҷандро “яке аз ҷангҷӯёни гуруҳ барангехтааст”.