Ҳамсари бонкдори пешини озарбойҷонӣ аз боздоштгоҳи Лондон раҳо шуд
Ӯро ҳафтаи гузашта баъди он боздошт карданд, ки дар маркази тиҷоратии Harrods якбора 16 миллион фунт харҷ кард ва ҳам бо арзиши 20 миллион фунти дигар амволи ғайриманқул харид.
Ҳоҷиева дар Озарбойҷон дар дуздӣ айбдор мекунанд.
Дар ҳоли ҳозир пулиси Бритониё манбаи даромади Ҳоҷиева таҳқиқ мекунад. Нисбати ӯ бо моддаи ғасби ғайриқонунии маблағ парванда боз шудааст. Ҳоҷиеваро дар ивази 500 ҳазор фунт аз ҳабс раҳо карданд. Дар ҳамин ҳол вай вазифадор аст, ки ҳамарӯза дар пулис худро сабт кунад. Ҳоҷиева ҳақ надорад, баъди соати 9 аз манзилаш берун равад ва шаҳри Лондонро тарк кунад.
Замира Ҳоҷиева 55 сол дорад. Соли 2016 додгоҳи Боку шавҳари ӯро бо айби қаллобӣ ва исрофкорӣ 15 сол зиндонӣ кард. Тафтишот мегӯяд, бо айби Ҷаҳонгир Ҳоҷиев - раиси пешини бонк - даҳҳо миллион доллар аз бонк ғайб задааст. Вай ин айбро рад мекунад.