Садама дар назди "Султони Кабир" се кушта бар ҷой гузошт
Дар пайи садамаи нақлиётии мудҳиш дар назди бозори “Султони Кабир”-и ноҳияи Восеъ се ҷавон ба ҳалокат расид ва як нафар шашидан маҷруҳ шуд. Ҳодиса соати дувоздаҳи шаби 12 ба 13 ноябр рух додааст.
Раёсати бозрасии давлатии автомобилии минтақаи Кӯлоб рӯзи сешанбеи 13-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ин се ҷавон Шамсулло Султонов, соли таввалудаш 1985, Баҳодур Довудов, таваллуди 1986 ва Сафар Мадалиев, соли таваллуди 1989 буданд. Ин манбаъ гуфт, ки ин чаҳор нафар сокинони Кӯлоб буда, Шамсулло Султонов, ки мошинро ронандагӣ мекард, корманди воҳиди таъиноти махсуси Вазорати корҳои дохила будааст.
“Шаб аз кадом маъракае мебароянд ва бояд аз самти Кӯлоб ба тарафи Душанбе раванд, дар ноҳияи Восеъ, аниқтараш дар назди бозори Султони Кабир, бо сурати баланд рафта истода будаанд, ки аз уҳдаи идораи мошин набаромада, рафта ба таги мошини борбардори Дулан заданд.Се нафар дар ҷойи ҳодиса ҷон дод. Ростӣ ҷасадҳоро аз мошин бароварда нашуд ва кормандони Ҳолатҳои фавқулода омада ҷасадҳову захмиро бароварданд”,--гуфт манбаъ
Бойназар Тағойев, сардухтури бемористони марказии ноҳияи Восеъ дар бораи нафари чаҳорум, ки аз ин садама ҷон ба саломат бурд, гуфт вақте ба бемористон интиқол ёфт дар ҳолати бисёр вазнин қарор дошт ва баъди талошҳои табибон вазъаш беҳтар шуд.
Мақомоти Бозрасии Давлатии Автомобилии минтақаи Кӯлоб мегӯянд, ки дар соли 2017 88 садамаи нақлёти рӯх дода, 48 нафар ба ҳалокат расид. Теъдоди маҷруҳони садамаҳо наздик ба сад нафар ҳисоб шудааст. Аммо дар ҳафт моҳи соли 2018 садамаҳои нақлиётӣ ба омори соли 2017 баробар шуд. Дар ҳафт моҳи имсол дар минтақа 92 садамаи нақлётӣ ба қайд гирифта шуда, 41 нафар ҳалок ва 97 тани дигар маҷруҳ шуд.