Дархости Косово барои узвият дар Интерпол овози кофӣ нагирифт
Пулиси байналмилалӣ гуфт, ки дархости Косово барои узвият дар Интерпол бори сеюм қабул нашуд.
Аризаи Косово якҷо бо дархости довталабони дигари узвият дар созмони дорои 192 кишвари узв дар нишасти чаҳоррӯзаи маҷмаи кулли Интерпол баррасӣ шуд, ки дар Дубай ҷараён дорад. Дар ҷаласаи рӯзи 20-уми ноябр аризаи Косово, ки аз соли 2015 сеюмин дархост ба шумор меояд, аз тарафи 68 кишвар пуштибонӣ ёфт, вале 51 давлат ба он мухолиф овоз доданд ва 16 кишвари дигар аз овоздиҳӣ худдорӣ кард.
Косово, ки солҳои 1998-1999 бо Сербистон вориди ҷанг буд, соли 2008 худро давлати мустақил эълон кард. Истиқлолияти Косоворо аксари давлатҳои ғарбӣ, бо шумули Амрико эътироф карданд, аммо на Русия ва Сербистон.
Узвият дар пулиси байналмилалӣ имкон медиҳад, ки Косово дар баробари масоили дигар мансабдорони Сербистонро, ки Приштина онҳоро ҷинояткори ҷанг мешуморад, дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор диҳад.