Додраси тоҷик барои паст задани шаъну эътибор аз кор ронда шуд
Як додраси Додгоҳи шаҳри Турсунзода аз мақомаш барканор карда шуд. Мақомот гуфтанд, Муҳаббат Сафарализода “бинобар содир кардани кирдоре, ки шаъну эътибори додрасро паст мезанад”, аз мақом озод шудааст.
Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон ҳам гуфт, ки рӯзи 23-юми ноябр дар ин замина фармони Эмомалӣ Раҳмон содир гардидааст. Ҷузъиёти “кирдор”-и Муҳаббат Сафарализода, ки боис ба барканориаш шуд, то ба ҳол маълум нест.
Тайи як соли охир тақрибан даҳ додраси додгоҳҳои кишвар аз кор ронда ва баъзеи онҳо ба ҷавобгарӣ кашида шуданд.
Моҳи августи имсол Додгоҳи олии Тоҷикистон як додраси шаҳри Ҳисорро барои фасодкорӣ ба 7 соли зиндон маҳкум кард. Дилшод Искандарзода моҳи январи имсол барои "риоя накардани қонун ҳангоми баррасии парвандаҳо" аз мақомаш озод шуда буд.
Бархе аз таҳлилгарони тоҷик мегӯянд, барканории баъзе аз додрасҳо бо сабаби нақзи қонун эътимоди бе ин ҳам то ҳадде костаи мардум ба адолати додгоҳӣ дар кишварро камтар хоҳад кард.
Ҳоло дар Тоҷикистон наздик ба 500 додрас фаъолият доранд.
Додрасҳоро раиси ҷумҳури Тоҷикистон таъйин ва аз мақом озод мекунад.