Ҷазои сахт ба сарбози тоҷик барои шикастани манаҳи ҳамхидматаш
![Ҷазои сахт ба сарбози тоҷик барои шикастани манаҳи ҳамхидматаш](https://gdb.rferl.org/1B1C11A6-B0E1-4E21-82E1-C88FE1D5CA90_w800_h450.jpg)
Додгоҳи низомии шаҳри Душанбе як сарбози тоҷикро барои дашном додан ва шикастани манаҳи ҳамхидматаш ба зиндон маҳкум кард. Додгоҳ бо нашри як баёнияи расмӣ дар ҳафтаи гузашта гуфт, Умматқул Абдуқаюмов, ефрейтори яке аз воҳидҳои низомии артиши миллӣ бо гуноҳи риоят накардани ойинномаи низомӣ ва расонидани осеб ба инсон ба 5 сли зиндон маҳкум шуд.
Сарбоз акнун 5 соли умри худро дар зиндони низомаш пурзӯр сипарӣ мекунад. Муфаттишон мегӯянд, Умматқул Абдуқаюмов, рӯзи 3-уми июли имсол бо сӯистифода аз ваколатҳои хидматӣ ба Дилшод Заҳробеков, яке аз сарбозони қаторӣ амр медиҳад, ки барои ӯ об биёрад.
Азбаски Дилшод Заҳробеков, дар синфхонаи қисми ҳарбӣ зарфи обгирӣ намеёбад ва дасти холӣ бармегардад, “Умматқул Абдуқаюмов ба ғазаб омада ва бо баҳонаи онки Дилшод сари вақт барои ӯ об наёвардааст, аввал апаи ӯро дашномҳои қабеҳ медиҳад ва сипас бо ҳарду дастонаш ба рӯи Дилшод Заҳробеков ду маротиба сахт мезанад.”
Дар натиҷаи зарбаи сахт ба гуфтаи муфаттишон манаҳи сарбоз мешиканад. Ҳукми Додгоҳи низомии шаҳри Душанберо дар вебсайти расмии додгоҳии олии Тоҷикистон нашр карданд, вале замони анҷоми мурофиаро нагуфтаанд. Қарорҳои додгоҳҳои Тоҷикистон умдатан пас аз ҳукми иҷро гирифтан ба нашр мерасонанд.