Раиси демократҳои Суғд дар сӯхтори хонаи ҳамсоя айбдор шуд
Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров раиси дафтари Ҳизби демократ дар вилояти Суғд Абдуҷаббор Юлдошевро шартан якуним сол аз озодӣ маҳрум кардааст. Ҳукми додгоҳ рӯзи 4-уми декабри имсол содир шуд.