Шахсияти муҳоҷире, ки сарашро бурида дар бухорӣ партофтанд, маълум шуд. САДО
![Шахсияти муҳоҷире, ки сарашро бурида дар бухорӣ партофтанд, маълум шуд. САДО](https://gdb.rferl.org/48CB0CCA-E2F3-4583-B480-21BE6AD85AEC_cx0_cy10_cw0_w800_h450.jpg)
Шахсияти як муҳоҷири тоҷик, ки се рӯз пеш дар вилояти Волгогради Русия сарашро бурида ва дар бухорӣ партофта буданд, маълум шуд. Масъулони Ҷамъияти тоҷикон дар Волгоград рӯзи 7-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ӯ Саидҷон Халерови 51-сола аз шаҳри Турсунзода аст.