Канада мудири молии Huawei-ро дар ивази $7,5 млн гарав раҳо кард
![Канада мудири молии Huawei-ро дар ивази $7,5 млн гарав раҳо кард](https://gdb.rferl.org/728F3D8D-0703-4165-9862-90F20B557631_w800_h450.jpg)
Додгоҳи Канада дар ивази 7,5 миллион доллари гарав Мэн Ванчжоу - мудири молӣ ва духтари муассиси ширкати Huawei-и Чинро аз боздошт раҳо кард.
Мэн Ванҷоу вазифадор шуд, ки дастбанд ё ҳалқаи электронӣ бандад, шиносномаашро ба мақомот диҳад ва аз соати 11 шаб то 6 субҳ аз хона берун набарояд. Ин қарор баъди се ҷаласаи додгоҳӣ дар вилояти Колумбияи Бритониё қабул шуд, хабар медиҳанд расонаҳои ҷаҳонӣ.
Мэн Ванчжоу бо дархости ИМА рӯзи 1 декабр дар Канада боздошт шуд. ИМА мудири молии Huawei-ро дар риоя накардани таҳримҳои Амрико бар зидди Эрон гумонбар медонад. Ванчжоу баъдтар ба ҳабс гирифта шуд ва ин боиси уфти бозорҳои молӣ гардид.
Huawei бузургтарин таъминкунандаи таҷҳисоти ширкатҳои телефонӣ ва интернетӣ дар ҷаҳон аст.
Моҳи ноябр Thе Wall Street Journal хабар дод, ки ИМА аз кишварҳои шарикаш хостааст, ҳангоми бунёди шабакаҳои мобилии насли нав аз харидории таҷҳизоти Huawei даст кашанд. Музокирот бо Олмон, Италия ва Ҷопон ҷараён дорад. Ба назари Амрико, Пекин метавонад бо истифода аз таҷҳизоти ширкатҳои чинӣ маълумоти муҳими тиҷоратӣ ва низомиро ҷамъоварӣ кунад.
Қаблан Амрико ширкати Huawei-ро ба рӯйхати сиёҳи таъминкунандагони таҷҳизот барои сохторҳои давлатӣ ворид карда буд.